Имрӯз, 1-уми феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор идомаи даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми Олимпиада 688 нафар хонандаи синфҳои 5–6 ва 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ донишу маҳорати худро санҷида, сатҳи омодагии худро ба намоиш гузоштанд. Раванди олимпиада дар фазои рақобати солим ва мутобиқ ба талаботи низомнома сурат гирифт. Ҳадафи асосии баргузории олимпиада дарёфти чеҳраҳои нави илмӣ, тақвияти тафаккури мантиқӣ ва интиқодии хонандагон, инчунин интихоби беҳтаринҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ мебошад.


