Дар қисмати бегоҳии рӯз дар доираи баргузории даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои иштирокдорон барномаи фароғатӣ ташкил ва баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи хонандагон, фароҳам овардани муҳити дӯстона ва рафъи хастагӣ пас аз марҳилаи олимпиада роҳандозӣ шуд. Дар ҷараёни барномаи фароғатӣ хонандагон дар муҳити озод бо ҳамдигар муошират намуда, дар барномаҳои фарҳангӣ ва бахшҳои шавқовар иштирок карданд. Ин иқдом ба таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни иштирокдорон ва ташаккули фазои мусоиди равонӣ мусоидат намуд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар ҳошияи олимпиадаҳо барои дастгирии равонӣ ва иҷтимоии хонандагон муҳим арзёбӣ гардида, ба болоравии шавқу ҳавас ва фаъолиятнокии онҳо таъсири мусбат мерасонад.


