ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО

2/3/2026
TelegramFacebook
1 / 26
31 январи соли 2026 дар шаҳри Ҳисор даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Олимпиадаи фаннӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» доир шуда, дар он зиёда аз 1000 нафар хонандагони синфҳои 5–6 ва 11 иштирок намуданд. Олимпиада аз рӯйи фаннҳои табии риёзӣ ва ҷамъияти гуманитарӣ гузаронида шуда, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати зеҳнии иштирокдоронро ба намоиш гузошт. Олимпиадаро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории олимпиадаҳои фаннӣ дарёфт ва муаррифии хонандагони боистеъдоду пурғайрат буда, чунин чорабиниҳо имкони нишон додани маҳорат, рушди тафаккури мантиқӣ ва малакаҳои эҷодкориро фароҳам меоваранд. олимпиадаҳои фаннӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар самти дарёфт, дастгирӣ ва рушди наврасону ҷавонони лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Зикр гардид, ки маҳз таҳти сарпарастӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврасу ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун қадами муҳими татбиқи сиёсати мазкур хизмат намуда, дар ташаккули тафаккури илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии хонандагон ва омодасозии насли оянда ба дастовардҳои бузурги илмӣ нақши арзанда мегузоранд.