IBO: АЗ ИНТИХОБ ТО НАМОЯНДАГӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

2/3/2026
TelegramFacebook
1 / 3
Имрӯз, 28-уми январи соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» даври аввали интихобии Олимпиадаи байналмилалии «IBO -2026» бо иштироки 51 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Ҳадафи баргузории даври интихобӣ муайян намудани хонандагони дорои донишу малакаи баланд барои иштирок дар марҳилаҳои минбаъдаи олимпиадаи байналмилалии «IBO -2026» мебошад. Бояд тазаккур дод, ки 37-умин Олимпиадаи байналмилалии «International Biology Olympiad-IBO» дар соли 2026 аз фанни биология, рӯзҳои 12-19 июли соли 2026 дар шаҳри Вилнюси Литва 🇱🇹 миёни хонандагони 80 давлат баргузор мегардад.