МУЛОҚОТ БО ҲАМОҲАНГСОЗИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

1/26/2026
TelegramFacebook
1 / 7
22-уми январи соли равон директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (TIKA) ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили офиси муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаи озмоишгоҳи Исмоил ал-Ҷазарӣ, такмили ихтисоси кормандон, мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни баромади худ директори Марказ зикр намуд, ки Муассиса ҳамчун ниҳоди масъул фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактабҳои президентиро ҳамоҳанг намуда, барои ташаккули истеъдоди хонандагон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муҳамадҷон Ғафорзода омодагии Марказро ҷиҳати ҳамкорӣ бо TIKA дар самтҳои ташкили офиси муносибатҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандон, мубодилаи таҷриба, расонидани кумаки моддӣ-техникӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таъкид намуд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда, мусоидат ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии истеъдодҳо иброз намуданд.