Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар XXII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва информатика – «IzhO-2026», бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас иштироки фаъолона намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 4 даста, иборат аз 28 нафар хонанда, намояндагӣ намуда, дар натиҷаи рақобати илмии сатҳи баланд миёни 731 нафар хонанда аз 16 кишвар сазовори 7 медал гардиданд, аз ҷумла: 1 медали тилло аз фанни физика, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ аз фанни математика. Қобили зикр аст, ки дар ҳафт соли охир бори аввал хонандаи тоҷик дар ин олимпиадаи бонуфуз ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медали тилло гардид. Дастовардҳои мазкур самараи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод, инчунин таҳкими заминаҳои моддиву таълимии муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбанд. Иштироки фаъол ва пирӯзиҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ на танҳо нишондиҳандаи иқтидори баланди зеҳнии насли наврас мебошад, балки ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои илми ҷаҳонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мусоидат менамояд.


