8-уми январи соли равон директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода бо директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Синг Хон мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Директори Марказ зикр намуд, ки Муассиса ҳамчун ниҳоди масъул фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактабҳои президентиро ҳамоҳанг намуда, барои ташаккули истеъдоди хонандагон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муҳамадҷон Ғафорзода омодагии Марказро ҷиҳати ҳамкорӣ бо KOICA дар самтҳои такмили ихтисоси кормандон, расонидани кумаки моддӣ-техникӣ, таъсиси студияи муосир дар Марказ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таъкид намуд. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки Марказ ба ҳамкории зич дар самти муаррифии дастовардҳои ҷавонони болаёқати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла такмили ихтисоси роҳбарияти муассисаҳои таълимии кишвар барои хонандагони болаёқат, таваҷҷуҳи хос дорад. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии истеъдодҳо иброз намуданд.


