ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО ДАР СОЛИ 2025

12/31/2025
TelegramFacebook
1 / 8
Имрӯз, 31-уми декабр дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» бо иштироки сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муовинон ва ҳайати кормандон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар соли 2025 баргузор гардид. Ҷаласаи ҷамъбастиро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо - Муҳамадҷон Ғафорзода ҳусни оғоз бахшида, сараввал, ҳозиринро барои ҷамъбасти босамари соли 2025 ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд. Па саз он, ҳисоботи муовини якуми директор – Нурулло Ғафуриён доир ба фаъолияти яксолаи Муассиса шунида шуд. Дар ҳисобот зикр гардид, ки фаъолияти Муассиса тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Инчунин дар ҳисобот зикр карда шуд, ки дар соли 2025 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025» фаъолияти густурда ба роҳ монда. Дар ин давра 10 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида, заминаи ҳуқуқии кор бо хонандагони болаёқат тақвият ёфт. Ҳамзамон, олимпиадаҳои фаннӣ дар даврҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор шуда, теъдод ва натиҷаи иштироку дастовардҳои хонандагон ба маротиб боло рафт. Иштироки бомуваффақияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба даст овардани ду медали нуқра дар IMO-2025, баргузории аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ваинформатика ба номи Хайём «KhIMIO-2025» дар Тоҷикистон, инчунин корҳои методӣ, иттилоотӣ, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва рушди инфрасохтори иттилоотӣ нишон дод, ки Муассиса дар рушди ҳаракати олимпӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳо нақши калидӣ дорад. Пас аз шунидани ҳисобот риштаи сухан ба сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарофиддин Асомиддинзода дода шуд. Шарофиддин Асомиддинзода дар навбати худ аз раванди фаъолияти Муассиса дар соли 2025 изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои ноҳияҳои камфаъол дар ҳаракати олимпӣ пешниҳодҳои судманд намуданд. Дар фароварди ҷаласа аз тарафи директори Марказ барои соли 2026 вазифагузории мушаххас сурат гирифта, дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳои навро таманно намуданд.