ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР МУАССИСА

12/31/2025
TelegramFacebook
1 / 3
29-уми декабри соли 2025 дар Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ҷаласа доир ба омӯзиши мӯҳтавои Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа нуктаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Сарвари давлат аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Муассиса мавриди омӯзиш қарор гирифт.Нахуст зикр гардид, ки дар Паёми имсола, миёни ҳамаи самтҳои муҳимми зикршуда, соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон мавқеи калидӣ касб намуд. Пешвои миллат бо таҳлили амиқи вазъи ҷаҳонӣ ва равандҳои муосир таъкид карданд, ки бе рушди маориф расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст. Ба таъбири Сарвари давлат, «маориф асоси пешрафти давлат ва сармояи боэътимоди миллат мебошад», ки ин суханон аҳаммияти ҳаётии соҳаи маорифро бозгӯ менамоянд. Иштирокдорон ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳо, баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ ва таҳкими нақши омӯзгор дар ҳаёти рӯзмарраи хонанда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ҳамчунин, ҷанбаҳои марбут ба тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ муҳокима гардида, аҳамияти татбиқи амалии дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда таъкид карда шуд. Дар анҷом ба масъулин супориш дода шуд, ки нуктаҳои муҳими Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти минбаъдаи худ ба таври мақсаднок роҳандозӣ намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои гузошташуда чораҳои зарурӣ андешанд.