Хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар XVII-умин Олимпиадаи Авруосиёгӣ аз фанни информатика миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштироки фаъолона ва пурмуваффақият намуда, бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам намуданд. Ин Олимпиадаи бонуфуз рӯзҳои 15–16 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, дар он 250 даста бо фарогирии умумии 750 нафар хонанда аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок варзиданд. Ҳадафи баргузории олимпиада рушди тафаккури алгоритмӣ, густариши донишҳои рақамӣ, дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти фанҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ арзёбӣ мегардад. Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд бо нишон додани сатҳи баланди омодагии илмӣ, маҳорати касбӣ ва тафаккури эҷодӣ сазовори 21 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла 6 ҷойи дуюм ва 15 ҷойи сеюм. Ин натиҷаҳо самараи заҳмати пайвастаи хонандагон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа буда, аз рушди босуботи фанни информатика дар муассисаҳои таълимии кишвар шаҳодат медиҳанд. Бешак, чунин дастовардҳои назаррас нишонаи татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва дастгирии ҷавонони болаёқат маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии давл ат ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди фанҳои дақиқ заминаи устувор барои муваффақиятҳои минбаъдаи хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.Ин муваффақиятҳо бозгӯкунандаи неруи зеҳнӣ, истеъдод ва имкониятҳои васеи ҷавонони кишвар буда, омили муҳими таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.


