ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: МУЛОҚОТ БО РАЁСАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО ШИРКАТИ АКАДЕМИИ «Bright»

12/31/2025
TelegramFacebook
1 / 5
17 декабри соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати академии «Bright» ба имзо расид. Мазмун ва муҳтавои Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқат, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст. Ҳамзамон, санад табодули таҷриба дар истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои рақамӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҳар ду ҷонибро пешбинӣ менамояд. Инчунин, давоми ҳамин рӯз вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати Федератсияи хизматрасониҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин Федератсия тамоми муассисаҳои таълимии хусусии Камбоҷаро муттаҳид намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим мебозад. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки муассисаҳои таълимии хусусӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки хонандагони тоҷик дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Имзои Ёддошти тафоҳум ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкориҳо дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.