16 декабр, намояндагони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии математикии «Ангкор» ва анҷоми сафари омӯзишӣ дар шаҳри Сиануквили Шоҳигарии Камбоҷа қарор доранд, новобаста аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернет, бо эҳсоси баланди масъулият ва ифтихор аз ваҳдати миллӣ барои шунидани Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷамъ омаданд. Паёми Президенти кишвар ҳамчун ҷузъи муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, соҳаҳои маориф ва илм, инчунин дурнамои ояндаи давлатдории миллиро муайян менамояд. Шунидани он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи зист, аҳамияти махсус дорад. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи миллӣ меҳисобанд ва ҳамеша бо Ватан, сиёсати давлатии он ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат пайвастаанд. Ҳамзамон, иштирокдорони мусобиқа, ки дар шаҳри Сиемрип қарор доранд, низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро гӯш карданд. Гурӯҳи корие, ки дар шаҳри Сиануквил қарор дорад, бо мақсади анҷом додани сафари омӯзишӣ ва дастае, ки дар шаҳри Сиемрип қарор дорад, бо мақсади омӯзиши имкониятҳои таълимии Шоҳигарии Камбоҷа сафар намудаанд.


